Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди муттаҳам ба трибунали ҷангии Гаага


Яке аз муҷримини аршади ҷиноёти ҷангӣ дар Сербистон боздошт шуда ахиран ба трибунали низомии Гаага таслим карда шуд. Стоян Жуплянин, раҳбари амниятии сербҳои Босния дар даврони ҷанг барои куштори мусалмонҳову хорватҳои мулкӣ дар давоми рӯёрӯиҳои солҳои 1990 айбдор мешавад. Бруно Векарич, сухангӯи хадамоти вижаи ҷиноёти ҷангии додситонии Сербистон дар баробари хабарнигорон чунин гуфт:

"Мутобиқи қонун, вай бояд ба трибунали ҷиноёти ҷангӣ мунтақил шавад. Бо ӯ ҳайати додгустарҳо дар ин ҷо шинос шуда,

баъдан, тибқи банди 29-уми Қонуни Сербистон дар бораи ҳамкорӣ бо трибунали низомии ҷиноётии ҷангии Гаага дар давоми 72 соати минбаъда истирдод мешавад".

Дар Гаага сухангӯи додситон боздошти мазкурро систоиш кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки се гумонбари дигари аршади ҷиноёти ҷангӣ базудӣ дастгир хоҳанд шуд. Манзури вай фармондеҳи ҷангӣ Радко Младич, раҳбари даврони ҷанги сербҳои Босния Радован Караҷич ва раҳбари шӯришиёни Хорват Горан Ҳаҷич мебошад.

XS
SM
MD
LG