Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши Аврупову Амрико дар Любляна


Имрӯз дар пойтахти Словения шаҳри Любляна ҳамоиши солонаи Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА баргузор мешавад. Словения раҳбари даврии Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш барои ширкат дар ин ҳамоиш ба Любляна рафтааст. Гуфта мешавад, ки ин охирин сафари калони Буш ба давлатҳои аврупойӣ пеш аз тарки мақом карданаш дар моҳи январи соли оянда мебошад. Буш ният дорад, аз аврупоиҳо тақозои ироаи кӯмакҳои зиёдтар ба Афғонистон ва фишори бештар болои Эронро карда, ҳамкории наздиктари кишварашро дар масоили тағйироти иқлим ваъда кунад. Шоми сешанбе Буш ба Олмон, барои мулоқот бо садри аъзам Ангела Меркел сафар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG