Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши Алҷазоир ҷони 12 нафарро гирифт


Шаби гузашта дар истгоҳи қатори шарқи Алҷазоир, 100-километрии пойтахти ин кишвар ду таркише рух дод, ки мунҷар ба марги 12 нафар шуд. Дар миёни қурбониҳо, як муҳандиси фаронсавӣ ҳам будааст, мегӯяд манбаъҳо. Таркиши дуюм чанд дақиқа баъд замоне рух дод, ки гурӯҳи наҷотбахшон ба маҳалли ҳодиса мешитофтанд. То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре масъулияти ин ҳамлаҳоро, ки бовар меравад, тавассути дастгоҳ иҷро шудааст, ба гардан нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG