Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии аввалияи Олмону Хорватия


Дар бозиҳои Ҷоми аврупоии футбол дишаб Олмон бо ҳисоби ду бар сифр ба Лаҳистон пирӯз шуд. Ҳарду голро ҳамлагар Лукаш Подолски, ки худ зодаи Лаҳистон аст, ба ҳадаф расонд. Дар ҳамон рӯзи якшанбе дар бозии дигар Хорватия яке аз мизбонони бозиҳо Австрияро бо ҳисоби як бар сифр мағлуб кард. Бозигари хорватӣ Лука Модрич дар дақиқаи чаҳорӯми бозии ҷаримавӣ тӯбро ба нишон даровард.
XS
SM
MD
LG