Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фирори мағзҳо


Рӯ овардани мутахассисони дорои маълумот ба муҳоҷирати корӣ ё мардикорӣ, сӯҳбати чунин муҳоҷирон, сабабҳо ва пайомадҳои он дар ҷомеъаи имрузи Тоҷикистон аз назари таҳлилгарон - мавзӯъи аслии шумораи навбатии «Садои ҳамватан» аст.

Коршиносон фирори мағзҳо ё аз Тоҷикистон рафтани кормандони дорои тахассуси хуб дар риштаҳои мухталифро ба ду марҳала тақсим мекунанд. Марҳалаи аввал ба фурӯпошии Шӯравӣ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон мутобиқ меояд, ки дар он давра кишварро бештар коршиносони ғайритоҷик ё мардуми ғайрибумӣ тарк карданд. Ҳадафи онҳо дур будан аз моҷароҳои ба истилоҳ "дарунӣ" дар Тоҷикистон буд. Чун решаҳои онҳо дар кишвари аслашон боқӣ монда буд, онҳо тамоми молу мулки худро фурӯхтанд ва бо пули хуб ба ватани аҷдодиашон, аксаран ба Русия, баргаштанд. Дар миёни онҳо коршиносони хуби тоҷик низ буданд, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил гирифтаанд.

Марҳалаи дуввуми муҳоҷират аз марҳалаи аввал фарқ дорад. Баъд аз ҷанги дохилӣ гуруснагиву нодорӣ садҳо ҳазор нафарро дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар ҷустуҷуи василаи гузарони зиндагӣ ба мардикорӣ ё муҳоҷирати корӣ водор сохт. Бори масъулияти таъмини аъзои хонавода бо нону либос ба мардони оила фишор меовард. Ҳанӯз ҳам дар баҳорон чунин муҳоҷират моҳҳо давом мекунад ва ҳамеша ҳавопаймоҳову қаторҳо пур аз марди кор Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк мекунанд. Дар миёни онҳо, бар иловаи коргарони маъмулӣ, мутахассисони хуби бахшҳои иқтисод, муҳандисон, пизишкон, ҳуқуқдонҳо, омӯзгорон ва амсоли онҳо низ ҳастанд.

Ҳамкорони мо дар Рашту Панҷакент ва Алма-атову Маскав бо чунин коршиносони дорои маълумоти олӣ ҳамсӯҳбат шуданд ва таҳлилгарон дар ин бора назари худро ба барномаи "Садои ҳамватан" изҳор доштанд.

Барномаро метавонед тариқи пахши рамзи аудио дар кунҷи рости болоӣ бишнавед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG