Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду сарбози хориҷӣ дар Афғонистон


Дар вилояти Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, бар асари суқути чархбол ду сарбози нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ ба ҳалокат расиданд. Дар бораи ҳуввияти ин сарбозон алҳол иттилоъе зери даст нест. Ҳайати фармондеҳии ИМА дар Афғонистон изҳор кард, ки сабабҳои суқути чархбол тафтиш мешаванд. Ба гуфтаи низомиён, чархбол мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор нагирифтааст ва шояд ба сабабҳои техникӣ ба замин сарозер шудааст.

XS
SM
MD
LG