Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи омилони таркишҳои ИМА шурӯъ мешавад


Имрӯз дар трибунали низомие, ки дар ҷазираи Гуантанамои Куба ифтитоҳ меёбад, гумонбарони таркишҳои 11 сентябри соли 2001-и Амрико ҳозир хоҳанд шуд. Онҳоро аз рӯи парвандҳои ширкат дар ҷиноёти ҷангӣ ва куштор муҳокима хоҳанд кард. Холид Шайх Муҳаммад ва чаҳор муттаҳами дигар барои ташкили ҳамлаҳо болои Амрико, ки мунҷар ба ҳалокати 3000 нафар шудааст, эҳтимолан ба эъдом маҳкум мешаванд. Оҷонсии марказии истихбороти Амрико эътироф кард, ки Шайх Муҳаммадро бо шадидатарин василаҳо, аз ҷумла кӯшиши ғарқ кардани вай мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Шайх Муҳаммад соли 2003 дар Покистон боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG