Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Корхонаи атомӣ таҳти назорат аст"


Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки вазъият дар корхонаи атомии Словения пурра таҳти назорат қарор дорад. Ин изҳорот баъди он садо дод, ки хабаре дар бораи хароб шудани системаи сардкунандаи ҳарорат ва эҷоди сӯрохие дар ин коргоҳи воқеъ дар шаҳри ҷанубуғарбии Крско ба даст расид. Комиссиюни Аврупо ба ин мазмун дар чаҳорчӯби низоми радиатсионии худ ба ҳама 27 кишвари аъзои ин ниҳод як ҳушдори расмӣ фиристод. Мақомот мегӯянд, ки рахнаи пешомада аммо боиси берун шудани моеи радиоактив нашудааст ва ҳеҷ хатаре барои инсонҳо ва муҳити зист эҷод намекунад.

XS
SM
MD
LG