Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти ҳунарпеша барои андешаҳои зиддиисломӣ


Ситораи синамои Фаронса Бридҷит Бардо барои як изҳороташ, ки мегӯяд, мусалмонҳо Фаронсаро хароб кардаанд, дар тавҳин ба мазҳаб айбдор дониста шудааст. Ҳунарпешаи синамо барои иншои номае ба унвонии Николя Саркозӣ ду соли пеш, замони вазири умури дохилаи кишвар будани вай, ба пардохти 23 ҳазор доллар ҷарима айбдор шудааст. Дар ин нома хонум Бардо маросими забҳи ҷонварро дар ҷашнҳои мусалмонӣ мавриди танқид ва ҳамла қарор додааст. Ҳунарпешаи маъруф, ки ҳоло ба мудофеи ҳуқуқи ҷонварон табдил шудааст, навиштааст: "Фаронса аз ин мардуме, ки моро харобу кишвари моро бо рафтори худ вайрон мекунанд, хаста шудааст".
XS
SM
MD
LG