Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО дар фикри муқобила ба чолишҳои ҷадид шудааст


Дабири кулли паймони низомии НАТО Яап де Ҳуп Схеффер гуфт, ин паймон ба хотири муқобила ба чолишҳои нави ношӣ аз асароти гармшавии ҷаҳон, камбуди энержӣ ва густариши фанновариҳои ҳастаӣ бояд нақши худро дар даҳсолаи оянда тавсиъа диҳад. Схеффер дар як нишасти коршиносони масоили амниятӣ гуфт, НАТО бояд хеле фаротар аз амалиётҳои рӯзмаррааш дар Афғонистон ва Косово андеша карда, рӯи чолишҳои дарозмуддате, ки ба 26 кишвари узви ин паймон таҳдид мекунанд, тамаркуз кунад.

XS
SM
MD
LG