Пайвандҳои дастрасӣ

Хушунат дар интихоботи Македонияро маҳкум мекунанд


Сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Македония Эрван Фуере хушунат дар интихоботи Маҷлиси қонунгузори ин кишварро, ки боиси марги як нафар ва ҷароҳат бардоштани чанд тани дигар шудааст, маҳкум кард.
Рӯзи якшанбе дар шаҳри Скопйе Фуере ба оромӣ даъват кард.
Ӯ гуфт: "Хушунат ва фишори имрӯза дар ҷомеаи демократӣ ҷой дошта наметавонад. Вуқӯи чунин ҳаводис хеле нигаронкунанда аст. Мо аз ҳамаи тарафҳои манфиатдор хостем, то онҳо кафолати раъйдиҳии озоди мардумро таъмин кунанд."
Иттиҳодияи Аврупо ёдовар шуд, ки аз сабаби хилофкорӣ ва фишор дар 17 ҳавзаи интихоботии Македония овоздиҳӣ мутаваққиф гашт.

XS
SM
MD
LG