Пайвандҳои дастрасӣ

Семинори мубориза бо ришвахорӣ дар Тоҷикистон


Имруз дар Душанбе семиноре зери унвони "Ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва мубориза бо ришвахорӣ" ба кори худ оғоз мекунад. Дар он кормандони дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Ожонси давлатии назорати молӣ ва мубориза бо ришвахорӣ ва кормандони соири созмонҳои ғайридавлатӣ ва муассаҳои Тоҷикистон ширкат меҷуянд. Ин семинор ба ибтикори намояндагии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва ду руз давом мекунад. Дар хабари матбуъотии ин намояндагӣ омадааст, ришвахорӣ фақат мушкили Тоҷикистон нест, балки мушкили тамоми ҷомеъаи ҷаҳонист. Вале мутолеъоти ахир нишон медиҳад ки Тоҷикистон ба гуруҳи кишварҳои хеле ришвахори ҷаҳон дохил мешавад.
XS
SM
MD
LG