Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис аз Маскав талаб кард, ки узр бихоҳад


Вазорати хориҷаи Гурҷистон аз Русия “қотеъона” талаб кардааст, барои суқути ҳавопаймои бесарнишинаш дар осмони Абхозистон дар таърихи 20 апрел расман узр хоста, “ҷуброни муносибе” низ бипардозад. Дирӯз нозирони СММ низ гуфтанд, ки ҳавопаймои бидуни сарнишини Гурҷистонро дар фазои Абхозистон дар моҳи гузашта нирӯҳои Русия суқут додаанд.

Аммо сафири Русия дар Тифлис Вячеслав Коваленко натиҷагирии нозирони СММ-ро радд кард ва гуфт: “Бори дигар такрор мекунам, маводе, ки ҳайъати СММ истифода бурдааст, хеле машкук ба назар мерасад. Ман пеш аз ҳама, ин наворе, ки ҳоло дар саросари ҷаҳон давр мезанад, ва ҳам маводи радарро дар назар дорам.”

Суқути ҳавопаймои бидуни сарнишини Гурҷистон дар моҳи апрел мунҷар ба таниши навбатӣ дар равобити Маскав бо Тифлис шуд.

XS
SM
MD
LG