Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари НАТО ба оташбаси Покистон бо ситезаҷӯён


Паймони Атлантики Шимолӣ мегӯяд, гуфтушуниди оташбас дар миёни ҳукумати Покистон ва гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар ин кишвар ба афзоиши ҳамлаҳои ошӯбгарона дар Афғонистон сабаб гаштааст. Сухангӯи ғайринизомии НАТО дар Афғонистон, Марк Лойтӣ, ба хабарнигорон дар Кобул гуфт, афзоиши ҳамлаҳо амалан натиҷаи оташбас дар Покистон ва коҳиши фаъолиятҳои ҳарбии Покистон аст. Дар музокироти Покистон талаби қатъи ҳамлаҳо ба Афғонистон ошкоро дар миён гузошта намешавад.
XS
SM
MD
LG