Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбониёни нави заминларза дар Чин


Субҳи имрӯз бар асари сел дар Чин беш аз дусад тан аз наҷотбахшон ба ҳалокат расиданд. Ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки гурӯҳҳои наҷотбахшӣ ба рафъи оқибатҳои заминларза машғул буданд. Рӯзи якшанбе бар асари заминларзаи такрорӣ дар манотиқи ҷанубу ғарби Чин се нафар ба ҳалокат расида, тақрибан ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, теъдоди умумии қурбониёни заминларзаи шадид дар Чин ба тақрибан 32500 нафар расидааст.

Шурӯъ аз имрӯз Чин ба хотири қурбониёни ин фоҷиа се рӯз мотам хоҳад дошт. Имрӯз мардум дар сартосари кишвар ба ёди қурбониён се дақиқа сукут карданд.

XS
SM
MD
LG