Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Буш аз раҳбарони Ховари Миёна


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш имрӯз дар Миср аз раҳбарони минтақаи Ховари Миёна даъват кард, ки тавассути таъмини озодиҳои бештари сиёсиву иқтисодӣ дар кишварҳояшон заминаҳои сулҳ ва амнияти минбаъдаи минтақаиро фароҳам созанд. Зимни суханрониаш дар Шарм-уш-Шайх Ҷорҷ Буш гуфт:


"Барои ишғоли мавқеи марказӣ дар пешрафту дастовардҳо бояд домани озодиҳо тавсеа дода шавад. Тавсеаи озодӣ барои баргардони сармояҳои муваққаттӣ ба шукуфоии дарозмуддат хеле муҳим аст".

Вай инчунин аз раҳбарони минтақайӣ даъват кард, ки зидди Ҳамос иқдом кунанду пеши роҳи Эрону Сурияро дар самти пуштибонӣ аз терроризм бигиранд. Ҷорҷ Буш дар ҳамоиши иқтисодии ҷаҳон дар Шарм-уш-Шайх дар баробари садҳо сиёсатмадорону раҳбарони тиҷоратӣ суханронӣ кард.
XS
SM
MD
LG