Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Парвизи Комбахш бознигарӣ мешавад


Додгоҳи таҷдиди назаре дар Кобул қарор аст ҳукми марги хабарнигори ҷавонро бознигарӣ кунад. Сайёд Парвизи Комбахш моҳи январ барои тавҳин дар ҳақи Ислом тавассути нашри матлабе, ки мавзӯи бисёрҳамсариро дар миёни мусулмонҳо зери суол мебарад, ба марг маҳкум шуда буд. Худи хабарнигор ин гуна иттиҳомотро рад кардааст. Боб Диетс, ҳамоҳангсози барномаҳои осиёии Кумитаи дифоъ аз журналистон, тасмими ба бознигарӣ фиристода шудани парвандаи оқои Комбахшро истиқбол кард. Вай изҳори умедворӣ кард, ки дар ҷараёни мурофиаи имрӯзаи додгоҳӣ журналисти ҷавон сафед хоҳад шуд. Дар айни замон, Боб Диетс гуфтааст, дар сурати раҳоии Парвизи Комбахш аз зиндон, аз ҳаёт ва амнияти вай дар Афғонистон ташвиш дорад.
XS
SM
MD
LG