Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш дар Миср суханронӣ мекунад


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш имрӯз дар Миср аз раҳбарони минтақаи Ховари Миёна тақозо хоҳад кард, ки зидди Ҳамос иқдом кунанду пеши роҳи Эрону Сурияро дар самти пуштибонӣ аз терроризм бигиранд. Тибқи нусхаи матни изҳороти Буш, раиси ҷумҳурии Амрико дар муроҷиат ба давлатҳои арабӣ хоҳад гуфт, ки замони гуногунсамт кардани иқтисоди кишварҳои онҳо расидааст, ба ин далел, ки захираҳои нафт маҳдуд мебошад. Инчунин вай ба масоили озодиҳои иқтисодиву сиёсӣ чун гарави сулҳу суботи минтақа хоҳад пардохт. Суханронии Ҷорҷ Буш дар ҳамоиши иқтисодии ҷаҳон дар Шарм-уш-Шайх дар назар гирифта шудааст, ки садҳо сиёсатмадорону раҳбарони тиҷоратиро гирди ҳам меорад.
XS
SM
MD
LG