Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ 1100 шӯришии Ал-Қоидаро боздошт кард


Вазорати дифои Ироқ гуфт, ки дар пайи чор рӯзи амалиёти зидди ҷангиёни Ал-Қоида дар шаҳри шимолии Мосул, 1100 шӯришӣ боздошт шуданд. Сухангӯи вазорат генерал-майор Муҳаммад Ал-Аскарӣ гуфт, ки беш аз 500 нафар аз боздоштшудагон дар пайгарди қонун қарор доштанд. Низомиёни амрикойӣ Мосулро чун паноҳгоҳи охирини шаҳрнишини Ал-Қоида дар Ироқ арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG