Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон


Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқат расидаанд, дар соҳаҳои истифодаи захираҳои обу барқ, нақлиёт ва марзҳо сиёсати ҳамоҳангшуда тарҳрезиву татбиқ намоянд.
Ду кишвар ризоят додаанд, то замони ташхису аломатгузории марзи миёни ду кишвар аз ҳар гуна фаъолияти хоҷагирдорӣ дар манотиқи марзӣ худдорӣ кунанд.
Дар нишасти матбуотии президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қурмонбек Боқиев, ки рӯзи ҷумъа дар маркази вилояти Суғд баъди мулоқоти раҳбарони ду кишвар барпо шуд, таъкид гардид, ки ҳайъатҳои кории ду кишвар дар чорчӯби комиссияи байниҳукуматӣ лоиҳаи танзими марзро таҳия хоҳанд кард.
Раҳбарони ду кишвар ҳамчунон масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои обу барқ ва нақлиётро арзёбӣ кардаанд.
Дар ин бора президенти Тоҷикистон мегӯяд:
"Мо бар ин назар ҳастем, ки манфиатҳои воқеан ба ҳам мутобиқи Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаи истифодаи захираҳои обӣ ҳамоҳангсозии сиёсати ду кишвар дар ин соҳаро талаб мекунад ва мо ҳатман ин корро хоҳем кард, вале он на бар зарар, балки ба нафъи кишварҳои минтақа хоҳад буд."
Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон ҳамчунон зарурати сохтмони хатҳои муштараки интиқоли барқ ва роҳҳои нақлиётии миёни ду кишварро таъкид кардаанд.
XS
SM
MD
LG