Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони милали муттаҳид (СММ) аз кишварҳои ҷаҳон тақозо кардааст, то барои рафъи мушкилоти имрӯзи мардуми Тоҷикистон кумак кунанд.

Ин созмони бонуфузи байнулмилалӣ дигарбора аз ҷомиъаи ҷаҳонӣ дархост кардааст, то ҷиҳати рафъи оқибатҳои зимистони қаҳратуни имсол ва омодагӣ ба фалокатҳои табиъии нав дар Тоҷикистон 27 миллион доллар кумак кунанд.
Муассисаи ҳамоҳангсози кумакҳои башарии СММ бар ин аст, ки мардуми Тоҷикистон то ҳанӯз меваҳои талхи зимистони қаҳратуни гузаштаро мечашанд ва онҳо, ки зимистон маблағи зиёди худро барои хариди сӯзишворӣ масраф карданд, акнун барои харидани маводди ғизоӣ, ки қиматаш ҳамоно болотару болотар меравад, пули кофӣ надоранд. Бар замми ин ҳосили ками зироат дар ду соли гузашта, талафоти чорво ва захираи тухмӣ дар зимистони гузашта ҳоли мардумро бадтар кардааст. Ва ба қавли ҳукумати Тоҷикистон, омадааст дар ин муроҷиъатнома, 2 миллион нафар аз зимистони гузашта осеб дидаанд.
Афзуда мешавад, ки дар ҳамин ҳол тақрибан 500 000 нафар ба кумаки ғизоӣ ниёз доранд ва аз миёни онҳо 250 000 нафар муҳтоҷи кумакҳои фаврии ғизоӣ мебошанд.
Муассисаи ҳамоҳангсози кумакҳои башарии СММ эълом кардааст, ки аз тақрибан 27 миллион долларе, ки аз ҷомиъаи байнулмилалӣ хоста шуда буд, 12 миллион доллар барои иҷрои барномаҳои имдодӣ дастрас карда шудааст, аммо барои тарҳҳои дигари башарӣ боз 14 миллион доллар намерасад.
Муассисаҳои мухталифи хайрияи ин созмони ҷаҳонӣ тазаккур додаанд, ки маблағи мазкур ҳамчунин барои рафъи оқибатҳои фалокатҳои табиъии эҳтимолӣ, аз ҷумла харидани захираҳои хӯроку доруворӣ ва сарпаноҳҳо, истифода хоҳад шуд.
Зимистони имсол ҳаво дар Тоҷикистон то 25 дараҷа сард шуд ва, ба гуфтаи ҳавошиносони тоҷик, барф танҳо моҳи декабр аз меъёр 245 фоиз бештар боридааст ва акнун интизор меравад, ки ҳавои гарм метавонад захираҳои барфи зиёдро якбора об карда, сабаби обхезиву харобии рустоҳои назди рӯдхонаҳо шавад. Моҳи гузашта, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷомӣ, чандин хона бар асари боришот ва сел вайрон шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG