Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таълиқи музокироти Амрикову Эрон


Ҳушёр Зибарӣ - вазири умури хориҷаи Ироқ имрӯз гуфт, даври чаҳоруми музокироти Амрикову Эрон доир ба авзоъи амниятии Ироқ ба вақти номуайяне ба таъхир андохта шудааст. Вай гуфт, бинобар табодули иттиҳомот аз ду тараф баргузор кардани музокирот имконнопазир аст. Давлати Эрон рӯзи душанбе гуфт, то замоне ки нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида амалиёт ба зидди мусаллаҳони шиъамазҳаб дар Бағдодро идома медиҳанд, музокирот ҳеҷ маъние надорад. Амрико мегӯяд, Эрон гурӯҳҳои мусаллаҳи шиъамазҳабро бо силоҳ таъмин карда ва омӯзиш медиҳад. Иддаъое, ки ҳукумати Эрон рад мекунад.

XS
SM
MD
LG