Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба Карзай дар Покистон тарҳрезӣ шудааст


Раиси хадамоти кашфи Афғонистон гуфтааст, ҳамлаи рузҳои ахири ҳафтаи гузашта ба паради низомӣ дар Кобул дар Покистон тарҳрезӣ шудааст. Амруллоҳ Солеҳ гуфт, афроде, ки дар ин ҳамла ширкат доштанд, телефонӣ бо Вазиристони Шимолӣ- минтақаи қабиланишини Покистон дар тамос будаанд. Мақомоти расмии Покистон ба ин изҳорот то ҳол вокуниш нишон надодаанд. Дар маросими паради низомӣ дар Кобул Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ширкат дошт.
XS
SM
MD
LG