Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои Амрико ба маркази Гармсер расиданд


Нирӯҳои Амрико мегӯянд, маркази шаҳри Гармсер дар ҷануби вилояти Ҳилманди Афғонистонро таҳти назорати худ даровардаанд. Ин минтақа аз пойгоҳҳои чирикиёни Толибон маҳсуб мешуд. Ҳаракати нирӯҳои артиши дарёии Амрико ба сӯи маркази шаҳри Гармсер субҳи сешанбе оғоз ёфта буд.

Бино ба хабарҳо, ҷангиёни Толибон алайҳи нирӯҳои Амрико аз оташи силоҳҳои хурд ва ҳамчунин аз хумпораандозҳо истифода бурдаанд, вале дар асари тирандозии онҳо касе аз маллоҳони амрикоӣ осеб надидааст.

Дар амалиёти алайҳи Толибон дар улусволии Гармсер, ки дар ҳафтаи равон оғоз ёфт, садҳо тан аз сарбозони бритониёӣ ва маллоҳони амрикоӣ ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG