Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талко бояд ба ширкати ҳуқуқии Лондон 120 млн $ супорад


Ба навиштаи расонаҳои ғарбӣ, ширкати ваколат ҳуқуқии "Ҳерберт Смит" дар Додгоҳи Олии Бритониё ифшо кардааст, ки барои пуштибонии ҳуқуқӣ аз даъвои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар давоми се соли гузашта 100 миллион доллар ҳаққи заҳмат хостааст. Тоҷирони алюмин раҳбарияти собиқи Корхонаи арзизи Тоҷикистон (ТадАЗ) ҳадафи Раҳмон будаанд, ки феълан дар Лондон ба сар мебаранд. Дар додгоҳ ҳамчунин муайян шудааст, ки боз 20 миллион доллари дигар аз ширкати "СДН"-и номнависшуда дар Ҷазираҳои Вирҷин, ки низ ба Талко собиқ Корхонаи арзизи Тоҷикистон рабт дорад, тақозо шудааст. Нашрияи "Майнвеб" менависад, 120 млн. доллар 5,2% маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил дода, яке аз бузургтарин дастмузди ширкатҳои дифоъи ҳуқуқӣ дар таърихи Бритониёст.
XS
SM
MD
LG