Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пофишории Амрико ба иддаъои ҷосусонаш


Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, боварии қатъӣ дорад, ки Куриёи Шимолӣ ба Сурия дар сохтани реактори атомие кӯмак кардааст, ки барои ҳадафҳои мусолиматомез пешбинӣ нашуда буд. Кохи Сафед зимни як баёния инро як “таҳҳавулоти хатарнок ва бесуботкунанда барои ҷаҳон” хонд. Аммо сафири Сурия дар Амрико, Имод Мустафо, гузоришҳо доир ба реактори атомӣ дар кишварашро рад карда ва онҳоро “хаёлпардозӣ” ва ё “фантазия” номид. Пештар аз баёнияи ҳукумати Амрико, мақомоти хадамоти ҷосусӣ ба вакилони мардумии Иёлоти Муттаҳида доир ба таъсисоти атомии Сурия гузориш доданд, ки ин таъсисотро Исроил соли гузашта хароб кард. Айни замон музокиракунандаи аршади атомии Амрико Кристофер Ҳилл гуфт, Куриёи Шимолӣ ва Сурия дигар дар арсаи фаъолиятҳои атомӣ ҳамкорӣ накардаанд.
XS
SM
MD
LG