Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии рӯҳонии собиқ дар интихоботи президентии Парагвай


Дар интихоботи президентии Парагвай рӯҳонии собиқ ба пирӯзӣ расида, ба ҳокимияти беш аз шастсолаи яккаҳизбии ин кишвар хотима дод. Ба натиҷаҳои пешакӣ, исқуфи собиқи католик, Фернандо Луго дар интихоботи рӯзи якшанбе наздик ба 40 дарсади ройҳоро ба даст овард. Ин аввалин бор аст, ки намояндаи ҳизби ҳокими Колорадо, ки аз соли 1947 ба ин сӯ мамлакатро идора мекунад, аз мансаби президентӣ маҳрум мегардад.
XS
SM
MD
LG