Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садр ба ҳукумати Ироқ аз ҷанг ҳушдор дод


Дар Ироқ Муқтадо Ал-Садр-руҳонии тундрави шиъа ба ҳукумати ин кишвар ҳушдор додааст, ки нируҳои давлатӣ ва амрикоӣ ба саркубии пайравони вай хотима диҳанд, вагарна ба хатари ҷанг бо пайрвонаш дучор хоҳанд шуд. Салоҳ ал-Убайдӣ-сухангуи Муқтадо ал-Садр эъломияи Садрро дар шаҳри Наҷаф ин гуна қироъат кард:
"Ман бори ахир ҳушдор медиҳам ва ҳарфи ахир ба ҳукумати Ироқ ин аст: Ё ба эҳсосоти онҳо бармехурад ва роҳи сулҳро пеш мегиранд ё ба сарнавишти ҳукумати пешин гирифтор мешаванд. Вуруди афроди мо ба ҳукумат моро бознамедорад ва мо дар он сурат то замони озодӣ ҷанги ошкоро эълон мекунем".
Муқтадо ал-Садр аз нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ интиқод кардааст, ки вай бо нируҳои Амрико ҳампаймон шудааст.
XS
SM
MD
LG