Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон иддаъои Амрикоро "дурӯғ" хонд


Намояндаи Эрон дар Созмони Милал бо нашри як баёния иддаъои Амрикоро рад кард, ки мегӯяд, Эрон ба шӯришиён дар Ироқ кӯмак мекунад. Дар баёния омадааст, ки иддаъоҳои мақомоти олирутбаи Амрико "дурӯғанд" ва онҳо ҳеҷ далеле барои исботи гуфтаҳояшон наовардаанд. Дар баёнияи намояндаи Эрон дар Созмони Милал гуфта мешавад, Эрон аз истиқрори амнияту субот ва рушди иқтисодии Ироқ манфиатдор аст ва ноамнӣ дар ин кишвар ҳамсоя ранҷ мекашад.
XS
SM
MD
LG