Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили кишварҳои фақир бештар мешавад


Коршиносони ФАО ё барномаи ғазоиву кишоварзии СММ дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки 37 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон дар баробари буҳрони ғазоӣ қарор гирифтаанд ва ба кумакҳои фаврии ғазоӣ ниёз доранд. Дар ин бора хабаргузории "Авесто" дар Душанбе иттилоъ додааст. ФАО аз болоравии нархи нону биринҷ, ҷуворимаккаву шир, руғани рустанӣ ва фаровардаҳои лубиёӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки имсол воридоти гандум ба кишварҳои фақир нисбат ба соли гузашта 56 дарсад бештар хоҳад шуд. Тибқи ин хабар, нархи маводи сухт низ боло меравад ва офатҳои табиӣ бештар мешавад.
XS
SM
MD
LG