Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсири бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон


Сандуқи Байнулмилалии Пул аз таъсири эҳтимолии бӯҳрони молии ҷаҳон ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Шӯравии пешин изҳори нигаронӣ кард. Тибқи гузориши он, ба ин кишварҳо таваррум, қарзҳои миёншикан ва дар баъзе ҳолатҳо набуди моли зарурӣ таҳдид мекунад. Иртиботи иқтисоди ин кишварҳо бо бӯҳрони молӣ аз он ҷо маншаъ мегирад, ки рушди минтақа ҳамвора аз ҳисоби сармоягуорӣ ва воми кишварҳои Ғарб буд, ки соли гузашта дар Ҷомеаи давлатҳои муштаракулманофеъ 8,5 %-ро ташкил дод. Таваррумро дар ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Сандуқи Байнулмилалии Пул, 20% эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG