Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи ҳаракати машъали олимпӣ


Машъали олимпӣ имрӯз дар роҳи ҳаракат ба сӯи Пекин пойтахти Чин ба шаҳри Сан-Франсискои Амрико расид. Мақомоти расмӣ худро барои тазоҳурот ва таъмини амнияти варзишгарони машъалбардорро омода мекунанд. Сиёсати Чин дар Тибет сабаби тазоҳурот дар роҳи ҳаракати машъали олимпӣ дар Юнон, Бритониё, Фаронса шуд ва аз ин хотири тадобири амниятиро дар шаҳри Сан- Франсиско тақвият бахшидаанд. Рӯзи гузашта чандсад нафар дар ин шаҳр тазоҳурот карданд. Интизор меравад, Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ рӯзҳои наздик сарнавишти идомаи ҳаракати машъали олимпиро дар шаҳри Пекин баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG