Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи интихоботи президентии Озарбойҷон маълум шуд


Озарбойҷон эълом дошт, ки 15-уми октябри имсол интихоботи президентӣ барпо хоҳад кард. Раиси кумисюни марказии интихоботии Озарбойҷон, Мазоҳир Паноҳов гуфт, таърихи баргузории интихобот тибқи қонуни асосӣ муайян шудааст. Интизор меравад, ки президенти феълӣ, Илҳом Алиев дар интихобот ширкат хоҳад кард. Вай бо танқидҳое рӯбарӯст, ки аҳзоби мухолиф ва матбуоти озодро шадидан маҳдуд кардааст.
XS
SM
MD
LG