Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машъали олимпиро хомӯш карданд


Фаъолони ҳуқуқ дар Фаронса имрӯз маросими убури машъали олимпӣ дар пойтахт шаҳри Парижро халалдор карданд. Онҳо ба кормандони пулис, ки амнияти маросимро таъмин мекарданд, дарафтоданд ва машъалбардорон ду маротиба маҷбур шуданд, машъали олимпиро дохили автобус дароранд. Мақомоти пулиси Париж гуфтанд, ки машъалро ду маротиба ба иллатҳои амниятӣ хомӯш карданд.Фаъолони ҳуқуқ ҳамчунин як парчами дорои ҳалқаҳои олимпиро, ки мисли завлона тасвир шудааст дар манораи Эйфел афроштанд. Аз миёни эътирозгароне, ки хостаанд, роҳи ҳаракати машъали олимпиро бубанданд, пулиси Фаронса панҷ нафарро боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG