Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба НАТО "роҳ" медиҳад


Сухангӯи Паймони Атлантики Шимолӣ мегӯяд, ин паймон ва Русия созишномаеро имзо хоҳанд кард, ки иҷоза медиҳад, НАТО таҷҳизоту абзори ғайринизомиашро аз тариқи қаламрави Русия ба нерӯҳояш дар Афғонистон интиқол диҳад. Бар асоси хабарҳо, созишномаро имрӯз, вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар нишасти НАТО ва Русия дар шаҳри Бухарест имзо хоҳад кард. Ба қавли сухангӯи НАТО, созишнома иҷоза хоҳад дод, ба истиснои абзору муҳимоти ҷангӣ, маводи ғизоӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишворӣ ва мошинҳо аз роҳҳои заминии Русия ба Афғонистон интиқол дода шавад.

XS
SM
MD
LG