Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози ҳамкорони Илёс Шурпаев аз фарзияи қатли ӯ


Кормандони Шабакаи аввали телевизиони Русия аз изҳороти мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар мавриди куштори ҳамкори худ, Илёс Шурпаев эътироз кардаанд. Онҳо гуфтаанд, фарзияи ҳамҷинсбозии Шурпаев бо мақсади шармсор кардани мақтул ва қатъи ҷустуҷӯи ангезаҳои ин куштор ба миён омадааст. Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон гуфтаанд, ба иқрори қотилони Шурпаев, вай дар ивази пул аз шаҳрвандони Тоҷикистон хадамоти шаҳвонӣ медидааст. Муҷрии барномаи хабарии Шабакаи аввали телевизиони Русия, Сергей Бабаев, мегӯяд, ба ин иддаъо бовар намекунад ва Шурпаев ҳамсару як кӯдак дошт, ки мехост, ба зудӣ онҳоро ба Маскав кӯчонад. Ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия гуфтаанд, бори аввал нест, ки бо мақсади худдорӣ аз таҳқиқ чунин фарзияҳо пазируфта мешаванд.
XS
SM
MD
LG