Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Зимбабве аз пирӯзии худ хабар доданд


Ҷунбиши ислоҳоти демократӣ, ташаккули мухолифини Зимбабве эълон кард, ки интихоботи раёсати ин ҷумҳурии ҷануби Африқоро раҳбари ин ҳаракат Морган Тсвангираӣ бурдааст. Ба ҳисоби ин ҳаракат, Тсвангираӣ 50,3 дарсади оро ва раисиҷумҳури кунунии Зимбабве Роберт Мугабе чизе камтар аз 44 дарсади ороро ба даст овардаанд, ки ин зарурати даври дуввуми интихоботро аз байн мебарад.

Бо вуҷуди гузашти 5 рӯз аз интихобот мақомоти Зимбабве то ҳол натоиҷи расмии он маъракаро нашр накардаанд.

Чунин таъхири тӯлонӣ дар нашри натоиҷи интихобот нигарониҳои байналмилалӣ дар ин бораро, ки Мугабе мехоҳад натоиҷи интихоботро ба фоидаи худ тағйир диҳад, афзудааст.

XS
SM
MD
LG