Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи сеюми қуюди низомӣ дар Ироқ


Дар шароити даргириҳои идомаёбандаи миёни сарбозони артиши Ироқ ва ҷангиёни шиамазҳаби вафодор ба Муқтадо Садр дар шаҳрҳои асосии Басраву Бағдоди ин кишвар қаюди низомӣ ҳукмфармо аст. Рӯзи сеюм аст, ки қуюди шабгардӣ дар ин манотиқ идома дорад. Рӯйдодҳои ахирро дар Басра, ки ба манотиқи атроф низ тавсеа меёбад ва ба он ҳамакнун нирӯҳои амрикоиву бритониёйӣ ҳам ҳамроҳ мешаванд, чун бузургтарин даргириҳо баъди соли 2004 арзёбӣ мекунанд.

Рӯзи шанбе дар як суханронии телевизиониаш нахуствазир Нурӣ-Ал-Моликӣ мӯҳлати зарбулаҷали серӯзаи таъйинкардаашро тамдид карда гуфт, ки ҷангиён то 8 апрел имкони дасткашӣ аз силоҳҳояшонро доранд. Вай гуфт, ки артиши ҳукуматӣ то анҷоми амалиёт ва барқароршавии амният дар Басра хоҳад монд:

"Мо борҳо дар бораи Ал-Қоида сӯҳбат кардем. Мутаассифона, чунин ба назар мерасад, ки дар миёни мо нафароне ҳастанд, ки дар асл бадтар аз Ал-Қоида ҳастанд. Ал-Қоида ба куштори бегуноҳон даст мезанад, Ал-Қоида сохтмонҳоро хароб мекунад ва онҳо ҳамин айнан ҳамин корро мекунанд. Ал-Қоида хоҳони баҳам задани ҷараёни сиёсӣ мебошад, онҳо ҳам ҳаминро мехоҳанд".


Тибқи хабарҳои охир, намояндаҳои Муқтадо Садр ва мақомоти Ироқ музокиротро барои хатми хушунатҳо оғоз кардаанд. Сухангӯи Садр гуфт, ки ҷараёни гуфтугӯҳо дар самти "дуруст" ҳаракат мекунад. Ин дар ҳолест, ки Муқтадо Садр ахиран ба ҷангиёнаш амр дод, ки тақозои Моликиро барои замин гузоштани силоҳ нодида гиранд.

XS
SM
MD
LG