Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70 дарсади афғонҳо ба оби пок дастрасӣ надоштаанд


Давлати Афғонистон мегӯяд, тақрибан 70 дарсади мардуми ин кишвар ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надорад.

Муовини вазири обу энержии Афғонистон Шуҷоъуддин Зиёӣ дар расми ифтитоҳи нахустин маркази санҷиши сатҳи об дар обанбори Қарға, дар ҳошияи Кобул, гуфт, қарор аст, дар кишвар дар маҷмӯъ 174 чунин марказ эҳдос шавад.

Барои иҷрои ин барнома Бонки Ҷаҳонӣ 6,8 миллион доллар ихтисос додааст.

XS
SM
MD
LG