Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркози эҳтимоли таҳрими олимпиадаро рад накард


Раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ имрӯз гуфт, ки Париж эҳтимоли таҳрими бозиҳои олимпии тобистона дар Чинро рад намекунад. Саркозӣ аз Чин тақозо кард, ки дар робита бо ошӯбҳои ахири Тибет масъулият нишон бидиҳад ва Фаронса, бо назардошти таҳаввулоти атрофи ин рӯйдодҳо, тасмими ширкат дар бозиҳои олимпиро хоҳад гирифт. Мисли аксар давлатҳои ғарбӣ Фаронса аз амалкарди мақомоти Чин дар саркӯби тазоҳургарони Тибет шадидан танқид кардааст.

XS
SM
MD
LG