Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори хабарнигори ОРТ дар Маскав


Дар Маскав хабарнигори ОРТ - шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпаев кушта шуд. Ҷасади ӯ бо захмҳои корд ва миёнбанд дар гардан дар манзиле пайдо гардид, ки хабарнигор ба иҷора гирифта буд. Илёс Шурпаев 33 сол дошт ва барои шабакаи аввал дар бораи ҳаводиси Доғистону Абхазистон гузориш таҳия мекард.

Сабабҳои куштори хабарнигорро кумитаи тафтишоти Додситонии кулли Русия пажуҳиш мекунад.

XS
SM
MD
LG