Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсиаи ошӯбҳо дар Чин


Матбуоти давлатии Чин хабар додааст, ки тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Тибет то ба вилоятҳои дигар густариш ёфтааст. Хабаргузории Синхуа имрӯз гуфт, дар маҳаллҳои тибетиҳои вилоятҳои Сичуан ва Гансу, ки ҳаммарзи Тибетанд, “ошӯбҳо” сар задаанд. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, дар ин ошӯбҳо идораҳои давлатӣ ва фурӯшгоҳҳо осеб дидаанд. Мақомоти Ҷумҳурии Мардумии Чин, пешвои рӯҳонии буддоиёни Тибет Далай Ламаро масъули барангехтани ошӯбҳо хонда ва гуфтаанд, ки вай мехоҳад, дар остонаи бозиҳои тобистонаи олимпӣ авзоъи дар Чинро халалдор кунад. Далай Лама ин иддаъоро рад карда ва хостори хотимаи хушунатҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG