Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исрори Буш ба дурустии қарори ҳамла ба Ироқ


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дирӯз, дар солгарди панҷуми оғози ҳамлаи таҳти раҳбарии Амрико, дар Пентагон, қароргоҳи вазорати дифоъи кишвараш гуфт, қарори панҷ соли пеш дар бораи ҳамла ба Ироқ ва суқути давлати Саддом Ҳусайн иқдоми дуруст буд. Ҷорҷ Буш ҳамзамон аз онҳое интиқод кард, ки то кунун ба ақибнишинӣ аз Ироқ даъват мекунанд. Буш гуфт, чунин амал ҳамаро бо пайомадҳои, ба гуфтаи ӯ, ғайри қобили тардид рӯбарӯ хоҳад кард.

Аммо дар Вошингтон ба муносибати солгарди панҷуми ҷанги Ироқ баргузории раҳпаймоии эътирозӣ низ дар назар будааст.
XS
SM
MD
LG