Пайвандҳои дастрасӣ

Даъват ба таҳрими маросими ифтитоҳи Олимпиада


Созмони Хабарнигорони Бидуни марз раҳбарони кишварҳоро ба таҳрими маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин, ки рӯзи 8 август доир хоҳад шуд, даъват кардааст.

Ин созмони дифоъ аз хабарнигорон барои чунин даъват нақзи густурдаи ҳуқуқи башар аз сӯи давлати Чин ва адами озодиҳо дар он кишварро далел овардааст.

Ин созмони мустақар дар Порис мегӯяд, давлати Чин, ба ивази иҷрои тааҳҳудоте, ки дар соли 2001 ба ҳангоми макони баргузории Бозиҳои Олимпӣ интихоб шудани Пекин супурда буд, эътирозоти тибетиҳоро фурӯ нишонда, ба таъқиби фаъолони ҳуқуқи башар идома медиҳад ва дарҳояшро ба рӯи расонаҳои хабарӣ мебандад.

XS
SM
MD
LG