Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави сармоя дар Туркманистон иҷроӣ шуд


Дар Туркманистон қонуни наве, ки ба хотири ҷалби бештари сармоягузорон таҳия шудааст, ба ҳукми иҷро даромад. Бар асоси ин қонун, тартиби ироаи раводиди сафар ба Туркманистон барои сармоягузорон соддатар шуда, чандин навъи молиёт ва пардохтҳое, ки қаблан ба тарҳҳои сармоягузорӣ андохта буданд, лағв мешавад.

Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, ин қонун ҷузъе аз сиёсати тавсиъаи ислоҳоти иқтисодӣ буда, ҷалби сармояи бештар ба иқтисоди кишварро ба ҳадаф дорад.

XS
SM
MD
LG