Пайвандҳои дастрасӣ

Фоизи баҳра дар Амрико то 2,25% пойин бурда шуд


Бонки Марказии Амрико рӯзи сешанбе ба хотири фурӯ нишондани бӯҳрони бозори қарзҳо, ки иқтисоди Амрикоро ба хатари пасрафт рӯбарӯ кардааст, фоизи баргаҳои вомро якбора то 2,25 дарсад пойин овард. Чунин мизони баргаҳои қарз дар АМрико аз соли 2004 ба ин сӯ собиқа надоштааст.

Аз моҳи сентябри соли гузашта раҳбари Бонки Марказии Амрико Бен Бернанке инак бори шашум аст, ки фоизи баргаҳои қарзро пойин мебарад. Аммо бо ин вуҷуд, қурби доллари амрикоӣ дар муқобили евро, воҳиди пули Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунон башиддат пойин меравад.

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш низ дирӯз дар Ҷаксонвилл, аёлати Флорида, гуфт, давлат бояд ҷиҳати кӯмак ба иқтисоди рӯ ба пасрафти Амрико иқдоми бештар рӯи даст бигирад.

XS
SM
MD
LG