Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори қурбониҳо дар Карбало ба 43 нафар расид


Пулиси Ироқ мегӯяд, ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри барои шиъаҳо муқаддаси Карбало мунҷар ба ҳалокати дасти кам 43 нафар шуд. Пулис мегӯяд, як зани маргталаб худро дар як тарабхонаи воқеъ дар наздикии маконҳои муқаддаси Карбало дар байни издиҳом таркондааст. Волии минтақа Оқил Хазолӣ зан будани маргталабро таъйид кардааст.

Ҳамлаи пурқурбонӣ дар Карбало дар ҳоле сурат гирифт, ки ноиби раисиҷумҳури Амрико Дик Чейни аз Бағдод боздид мекард. Ҳадафи аслии ин сафари ногаҳонии Чейни ба Ироқ баррасии масъалаи беҳбуди вазъи амниятӣ дар Ироқ будааст.

XS
SM
MD
LG