Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ:Сунниҳои ироқӣ дар коҳиши хушунат саҳм доранд


Мансабдори воломақоми СММ дар Ироқ мегӯяд, коҳиши хушунат даричаи имконот дар ин кишварро боз мекунад.
Стаффан де Мистура мегӯяд, Шӯроҳои ҳушёрӣ: гурӯҳҳои иборат аз собиқ ошӯбгарони суннимазҳаб, ки бо кумаки молии ИМА бар зидди Ал-Қоида қиём намудаанд, дар коҳиши хушунат саҳми бузург доранд.
Шарҳи фиристодаи СММ рӯзи шанбе ҳамзамон бо гузориши ҳайъати кумаки СММ интишор гашт. Дар гузориши СММ гуфта мешавад, ки баъди ирсоли нерӯҳои иловагии ИМА ба Ироқ вазъи Бағдод оромтар шуд, вале дар ҷойҳои дигар аз ҷумла вилояти Диёла ва Мавсил, охирин истеҳкоми мадании Ал-Қоида нооромиҳо тавсеа ёфтаанд.
Ба қавли муаллифони гузориши СММ то кунун маълум нест, ки оромии нисбӣ то ба кай идома мекунад.
Ҳафтаи гузашта дар гӯшаҳои мухталифи Ироқ 13 сарбози амрикоӣ ба қатл расиданд.
СММ аз поймолшавии ҳуқуқи маҳбусон дар боздоштгоҳҳои Курдистони Ироқ ва рафтори ширкатҳои хусусии таъмини амният дар ин кишвар нигарон будааст.
XS
SM
MD
LG