Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон аз баҳси барномаи ҳаставиаш даст мекашад


Эрон тасдиқ намуд, ки баҳси барномаи ҳаставии Теҳрон бо кишварҳои нерӯмандро қатъ кардааст. Ҷумҳурии исломӣ тасмим гирифтааст, музокиротро фақат дар чорчӯби Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ идома диҳад.
Сухангӯи ҳукумати Эрон Ғулом Ҳусейн Илҳом дар Теҳрон гуфт, музокирот дар чорчӯби 5+1 анҷом ёфт. Гурӯҳи 5+1 аз панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ва Олмон иборат буда, саъй дошт, бар ивази тақдими бастаи имтиёзҳо Теҳронро ба қатъи ғанигардонии уран водор кунад.
XS
SM
MD
LG