Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мударрисон ҳам таълими дунявӣ мегиранд


11 омӯзгори мадрасаҳои динии манотиқи гуногуни Тоҷикистон чаҳор моҳ ба таълими улуми исломӣ ва дунявӣ фаро гирифта мешаванд.

Баъди анҷоми таҳсил онҳо соҳиби шаҳодатномаи донандаи ин улум хоҳанд шуд. Таълими мударрасини мадрасаҳои мутавасситаи Тоҷикистон дар доираи тарҳи танзими барномаҳои таълимии мадрасаҳо ва бо пуштибонии ожонсии шветсарии рушд сурат гирифтааст.

Саид Аҳмадов, ҳамоҳангсози тарҳи танзими барномаҳои таълимии мадрасаҳо, мегӯяд, ки ҳадаф аз омӯзиши мударрисони улуми динии мадрасаҳои мутавасситаи кишвар таҷдиди барномаҳои таълим дар мадориси динии кишвар аст. Оқои Аҳмадов ҳамчунин аз тасмими бунёди як мадрасаи намунавӣ ва ё пилотии мутавасситаи динӣ дар Тоҷикистон хабар дод.
Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода
Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, яке аз устозони улуми ислом, ки дар чаҳорчуби ин тарҳ ба мударисон таълими Қуръон додааст, ба зарурати таълими улуми дунёвӣ ба толибилмони мадориси мутавасситаи динӣ таъкид кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мударрисини мадрасаҳои матавасситаи динии кишвар, ки дар чаҳорчӯби ин тарҳ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд, аз иқдоми такмили дониши мударрисон пуштибонӣ мекунанд. Илҳомиддини Аҳмадҷонзода, мударриси мадрасии Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд, таъкид намуд, ки дини мубини ислом ҳеҷ гоҳ хилофи таълими улуми мухталиф ва рушди ҷомиъа набуд.
Мударриси дигари ин мадраса Илҳомиддини Аҳмадҷонзода бар ин аст, ки шеваи таълими улуми исломӣ дар мадрасаҳои Тоҷикистон ахиран зиёд зери интиқод қарор мегирад ва ҳатто берхеҳо ба зарурати таълим дар кишварҳои исломӣ афзалият медиҳанд. Аз ин рӯ, ба қавли ӯ, теъдоде аз ҷавонони тоҷик дар ин кишварҳо ба таълими ислом фаро гирифта шудааст, ки нигаронии мақомоти давлати Тоҷикистонро ба бор овардааст.

Илҳомиддини Аҳмадҷонзода
Ҳамчунин мударрисони хусусие, ки дар манзили худ ба наврасон таълими ислом медиҳанд, аз сӯи мақомот зери интиқоди шадид қарор гирифта ва дар бештари маврид аз фаъолияти онҳо ҷилавгирӣ мешавад.
Ба ақидаи таҳлилгарон, чунин ба назар мерасад, ки фаро гирифтани мударрисон ва такмили дониши онҳо аз ҷумлаи иқдомотест, ки дар заминаи нигаронӣ аз заъфи таълими ислом дар кишвар гирфта шудааст.
XS
SM
MD
LG